Сарвари давлат бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ мулоқот намуданд
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Президенти кишвар бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Сарвари давлат: “Гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир истифода намоянд”
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми ноябр дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дастовардҳои Қазоқистон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии ин кишварро муҳим арзёбӣ карданд.
Дар ин бора хабаргузоии “Казинформ”-и Қазоқистон хабар дод. Бино ба иттилои ин хабаргузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти солҳои охири Остона ва нақши онҳоро дар пешрафти минбаъдаи ин кишвар муҳим арзёбӣ кардаанд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи гарм ва самимии ҷониби Қазоқистон изҳори сипос намудаанд. Сарвари кишвар, ҳамчунин, барои сарфароз гардиданашон ба ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ изҳори миннатдорӣ баён намудаанд.
“Ба назари ман, чунин қадрдонии баланд аз саҳми ночизи ман дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон на танҳо хизматҳои шахсии ман, балки саҳми тамоми мардуми кишварамро инъикос мекунад. Ҳар сафари мо ба Қазоқистони бародар бо хотираҳои тоза ва нек ҳамроҳ мешавад. Мо аз дастовардҳои назарраси Қазоқистони дӯст дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ хушҳолем”, - ишора намудаанд Сарвари давлат.
Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон ба ислоҳоте, ки Қазоқистон дар солҳои охир амалӣ мекунад, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ин ислоҳот бояд заминаи устувореро барои идомаи рушди босубот ва пешрафти минбаъдаи ин кишвар фароҳам кунад.
Раҳбари Тоҷикистон ҳамчунин, фазои музокирот бо ҳамтои қазоқи худро мусбат арзёбӣ карда, гуфтаанд, ки мулоқотҳо бар пояи муколамаи созандаи сиёсӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд.
“Мо доираи васеи масъалаҳои марбут ба рӯзномаи дуҷонибаро ҳамаҷониба баррасӣ кардем. Изҳороти муштараке, ки дар натиҷаи музокирот қабул шуд, самтҳои асосии рушди минбаъдаи ҳамкории моро муайян мекунад”, - изҳор намудаанд Сарвари давлат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд