Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ баргузор мешавад
Рӯзи 5-уми сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад. Дар ин хусус Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин ҷаласа муовинони сарвазирони Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин, намояндагони кумитаҳои иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар машавем, ки рӯзи 29-уми ноябри соли 2024 дар ҷаласаи қаблии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раёсати яксолаи Шуро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд.
Интизор меравад, ки дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои савдо, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва барномаҳои нави иқтисодии минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд