Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Президенти мамлакат бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқот карданд
Имрӯз, 31-уми август дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Никол Пашиниянро барои аз нав таъйин гардидан ба мансаби Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон табрик намуда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Арманистон таъкид доштанд.
Гуфта мешавад, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Арманистон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, барои рушди бемайлони онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
"Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар таъмини рушди савдои дуҷониба, робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили форумҳои тиҷоратӣ зарур шумурда шуд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ин робита зарурати баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид гардид.
Манбаъ меафзояд, ки масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва тақвияти робитаҳои бисёрҷониба низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад