Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд
Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия Рушен Четин мулоқот намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар вохӯрӣ зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ рушд намуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила сол ба сол афзудааст.
“Инчунин зимни мулоқот вобаста ба шароити фароҳамовардашуда ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки саноатию истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузориҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар муаррифӣ гардида, ба масъалаҳои рушди саноати нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати дорусозӣ ва ҷоринамоии технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард