5 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 19:38, Душанбе
05.11.2026 12:01

Пешвои миллат бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтанд

Имрӯз, 5-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи «Раванди Ақаба» оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Манбаъ навиштааст, ки дар ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, директорони агентиҳои назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, захираҳои моддии давлатӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, раиси Кумитаи телевизион ва радио, сардори Саридораи геология, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.11.2026 17:27

Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфт, талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои оғози амалиёти низомӣ дар Баҳри Сиёҳ боиси афзоиши танишҳо мешавад. Русия ҳушдор дод, ки чунин иқдом метавонад боиси ноамнии бештар дар минтақа шавад.
05.11.2026 17:18

Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст

Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҷанг бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эоон ва ҳамкории Вашингтон бо Исроил омилҳои асосии шикасти Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии Амрико аст.
05.11.2026 17:12

Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд

Семён Григорев, cафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф барои нигоҳ доштани робитаҳои наздик ва ҳампаймонӣ дар оянда замина фароҳам мекунанд.
05.11.2026 14:58

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард

Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия Алишер Домуллоҷоновро ба рӯйхати таҳримҳои марбут ба Эрон ворид кардааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ӯро ба дастгирии шабакаи интиқоли нафти Эрон муттаҳам мекунад.
05.11.2026 14:00

Рустами Эмомалӣ дар Бухоро мақбараи Исмоили Сомониро зиёрат кард

Имрӯз, 5-уми ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро сафар кард.
05.11.2026 12:01

Пешвои миллат бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтанд

Имрӯз, 5-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи «Раванди Ақаба» оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
05.11.2026 11:58

Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?

Сафари дуюми Аҳмад аш-Шаръа (Абумуҳаммад ал-Ҷавлонӣ) ба Арабистони Саудӣ дар камтар аз як моҳ, имзои даҳҳо созишнома ва тавофуқи ҳамкории дифоӣ миёни Риёзу Димишқ пурсишҳои наверо дар бораи ҳадафҳои воқеии ин ҳамкорӣ ба миён овардааст. Оё пуштибонии молии Саудӣ аз мақомоти имрӯзаи Сурия метавонад дар иваз бо иштироки ҷанговарони сурӣ дар муноқишаи Яман ҳамроҳ бошад?
05.11.2026 11:04

Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мегӯяд, забони русӣ ва мардуми рус дар ташаккули давлатдории Русия нақши асосӣ доранд ва забони русӣ кафили ҳифзу рушди дигар халқҳои ин кишвар мебошад.
05.11.2026 10:53

Фаррух Ҳамрализода хостори ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ шуд

Фуррах Ҳамрализода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, таъмини амнияти Авруосиё бидуни ҳамкории муштараки кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ имконнопазир мебошад.
05.11.2026 10:42

Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад

Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (EXIM Bank) имкони бозбинии арзёбии хавф (риск)-ҳои иқтисодии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳо барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ намудаанд.
05.11.2026 10:35

Вазорати тандурустӣ бо Бонки исломии рушд ва Барномаи кумакҳои хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ иҷрои лоиҳаи “воҳидҳои мобилии тиббӣ”-ро баррасӣ кард

Дар Душанбе вохӯрии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ бо ҳайати Бонки исломии рушд ва Барномаи кумакҳои хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ таҳти роҳбарии директори иҷроияи барномаи мазкур доктор Абдулазиз ибни Фаҳд Ал-Ангари вохӯрӣ намуд.
05.11.2026 09:22

Толибон 650 навъи асбоби мусиқиро дар Хӯст оташ задаанд

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки намояндагони Идораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункари гурӯҳи террористии Толибон дар вилояти Хӯст садҳо асбоби мусиқиро, ки аз тӯйҳои хонадоршавӣ ҷамъоварӣ карда буданд, оташ задаанд.