Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Президенти кишвар амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум намуданд
Имрӯз, 1-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, дар машварат вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи он баррасӣ шуд.
"Тибқи гузориши масъулин, давоми ҳафтаи охир ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад рух дод, ки дар натиҷа панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум намуда, ба масъулин дастур доданд, ки доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”