14.10.2025 14:30
Бинобар иттилои Ризои Баҳромзод, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ду профессори тоҷик Махсуд Саидаминов ва Фарух Шаропов ба рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ (World's Top 2% Scientists)-и Донишгоҳи Стенфорд шомил гардиданд.
14.10.2025 12:05
Дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатарро ба ҳузур пазируфтанд.
14.10.2025 10:55
Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” хонум Татяна Молчан Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупоро ба ҳузур пазируфтанд.
14.10.2025 09:30
Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-ум то 16-уми октябр дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» баргузор мегардад.
14.10.2025 09:28
Агентии хабарии “Азия-Плюс” бо такя ба маълумоти “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар медиҳад, ки дар 670 микроавтобуси пойтахт дастгоҳ барои пардохти ғайринақдӣ (POS-терминал ё валидатор) насб шудааст.
13.10.2025 15:15
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар даҳ рӯзи маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 78 фоизро дар бар гирифта, наздики 30 шаҳру ноҳияи мамлакат аз иҷрои пурраи он гузориш доданд.
13.10.2025 15:13
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, сокини ноҳияи Нуробод бо гумони беш аз як миллион сомонӣ зарар расонидан ба шарҳвандон дастгир шуд.
13.10.2025 09:00
Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия бо як пешниҳоди нав дар самти такмили қонунгузории вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ суханронӣ намудааст.