Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо Қосим-Жомарт Токаев мулоқот кард
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дидору гуфтугӯ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пайравии устувор аз сиёсати таҳкими шарикии стратегии ду кишвар ва муносибатҳои иттифоқчӣ таъкид карданд.
Ҷонибҳо ҷараёни иҷрои муҳимтарин созишномаҳоеро, ки дар сатҳи олӣ ба даст омада буданд, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, миёни роҳбурони ду кишвар мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.
Қосим-Жомарт Токаев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои доир кардани бомуваффақияти ҳамоиши формати “Осиёи Марказӣ-Русия” қадрдонӣ намуда, ҳамчунин, ба баргузории нишасти Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил орзуи муваффақият кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод