Сарвари давлат: “Гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир истифода намоянд”
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Рустами Эмомалӣ дар Бухоро мақбараи Исмоили Сомониро зиёрат кард
Пешвои миллат бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтанд
Сарвари давлат: “Гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир истифода намоянд”
6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки пешрафти бесобиқаи фанновариҳо барои густариши арсаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илму маориф ва такмили низоми идоракунии давлатӣ имконоти фаровон фароҳам меоварад.
“Зикр гардид, ки дар айни замон технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, хусусияти ҷинояткориро тағйир дода, хатару таҳдидҳои нави амниятиро ба вуҷуд меоранд. Дар ин замина имкони истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ ва тундгаро боиси нигаронии амиқ мебошад. Ба таъкиди Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохторҳои террористӣ ва ифротгаро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, ҷалби пайравони нав, таъсиррасонӣ ба афкори умум ва тавлиди иттилооти бардурӯғ аз имкониятҳои технологияҳои муосир васеъ истифода мебаранд”, - навиштааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки “Он ҳам боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир, хусусан силоҳи қатли ом истифода намоянд, ки хатарҳои ҷиддии амниятиро эҷод менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Таксиҳои 10-сомона. Дар ду рӯз 136 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашонӣ ошкор шуд
Президенти кишвар бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Сарвари давлат: “Гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир истифода намоянд”
Амрико ҳашт ширкати молиявии Канадаро ба далели анҷоми муомилот бо Эрон таҳрим кард