Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Фредерик Старр масъалаи ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангиро баррасӣ карданд
Дар Вашингтон ҳавзаи Колумбия вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муассис ва раиси Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Фредерик Старр мулоқот намуд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ, инчунин, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва академиро баррасӣ намуданд.
"Сироҷиддин Муҳриддин профессор Старрро бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Конуни (Маркази) тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе шинос намуда, таъкид кард, ки ин марказҳо ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии академӣ, муаррифии таъриху фарҳангӣ ғании тоҷикон ва шинохти беҳтари минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳанд кард", - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ, баргузории таҳқиқоти муштарак, иштироки олимон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва марказҳои пешрафтаи таҳқиқотӣ иброз намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем