Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон аз аъзои Шанхай хост бо терроризм ва сепаратизм муштаракан мубориза баранд
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1-ум сентябр дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай ширкат ва суханронӣ намуданд.
Сарвари кишвар аз роҳбари кишвари мизбон Си Ҷинпин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҳамоиш ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.
Сарвари кишвар нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар рушди ҳамкории кишварҳои аъзо назаррас номида, таъкид намуданд, ки густариши минбаъдаи муколамаи сиёсии боэътимод барои расидан ба ҳадафҳои созанда зарур мебошад.
“Мо рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозиро муҳим мешуморем”- таъкид карданд Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат дар ин нишаст дар хусуси тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрсохтори нақлиётӣ ва азхудкунии иқтидори гидроэнергетикӣ суханронӣ намуданд. Дар ин нишаст имкониятҳои Тоҷикистон барои ҷалби сармоя баҳри рушди саноат, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок ва бахши агросаноатӣ муаррифӣ карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба имкониятҳои муҳити табии Тоҷикистон сарони кишварҳоро ба ҳамкории густурда дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ ва табобатӣ даъват карданд.
Сарвари кишвар бо таҳлили вазъи таъмини амнияти минтақавӣ ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон дар муборизаи муштарак бо терроризм, экстремиз, сепаратизм ва радикализмро дар ҳама зуҳуроти он, ҳамчунин, бо таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ зарур шумурданд.
Дар ин нишаст роҳбари кишвар таъкид намуданд, ки созишномаҳо оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз ба имзо расид, дурнамои навро барои ҳамкории кишварҳо дар самтҳои зикршуда боз менамоянд.
Сарвари кишвар таъкид намуданд, ки густариши ҳамкории бисёрҷониба дар мубориза бо терроризм ва минбаъд маблағгузории он, бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии СММ “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” фаъолона пеш бурда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд