Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон. Вохӯрӣ бо Сердар Бердимуҳамедов
11-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Туркманистон сафар карданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, Сарвари давлат дар ҳошияи Форуми сулҳ ва эътимод дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот як зумра масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
"Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Иттилоъ дода мешавад, ки таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳо зоҳир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди назари ҷонибҳо қарор доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”