Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
100 миллион доллар барои Роғун. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдурраҳмон ал-Маршад
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, имрӯз, 3-юми июл Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Ба гуфтаи манбаъ, тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд.
Дар робита ба ин, ба роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди Саудии Рушд барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи барқи обии Роғун ва 30 миллион доллари амрикоӣ барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.
Ҳамчунин, дар мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд