Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Иштироки Эмомалӣ Собирзода дар Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
3-юми июн вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Эмомалӣ Собирзода дар Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар Русия доир гашт, иштирок намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар медиҳад, ҷаласаи мазкур бо иштироки вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД доир шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҷаласа 13 масъалаи ҳамкориҳои ҳарбӣ, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, аз натиҷаи баргузории он қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар доираи ин ҷаласа ҳамзамон мулоқоти дуҷонибаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Федератсияи Русия баргузор шуд.
Ҷонибҳо зимни вохурӣ масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро муҳокима намуда, аз фаъолияти густурдаи вазоратҳои мудофиаи ҳар ду кишвари дӯсту бародар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад