Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои мубориза бо коррупсия санади ҳамкорӣ имзо карданд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд
Иштирок ва суханронии Президенти мамлакат дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД
Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард
Мақомоти Ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти кишвари Кувайт имкониятҳои васеи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ҳамчунин, рушди робита дар соҳаҳои кишоварӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Хусрав Нозирӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 10-уми ноябри соли 2026 ба вилояти Ал-Ҷаҳрои ин кишвар сафар намуда, бо раиси ин вилоят Ҳамад Ҷосим Ал-Ҳабашӣ мулоқот кардааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, навишт, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо миёни ду кишварро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни дидор ҷонибҳо зарурати ба роҳ мондани робитаҳои мустақим миёни мақомоти маҳаллии минтақаҳои Тоҷикистон ва Кувайтро баррасӣ кардаанд. Таъкид шудааст, ки чунин робитаҳо метавонанд барои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ташкили ширкатҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя замина фароҳам кунанд.
Вилояти Ал-Ҷаҳро яке аз шаш воҳиди маъмурии Кувайт буда, аз рӯи масоҳат бузургтарин вилояти ин кишвар ба шумор меравад. Он дар қисми шимолу ғарбии Кувайт ҷойгир буда, аз минтақаҳои муҳимми кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Ин вилоят бо Ироқ ва Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст.
Иқтисоди Кувайт асосан ба содироти нафту газ вобаста мебошад. Тибқи маълумоти нашршуда, нафт тақрибан 90 дарсади даромади буҷети давлатӣ ва 95 дарсади даромади содиротии кишварро ташкил медиҳад.
Кувайт барои коҳиш додани вобастагӣ аз даромади нафтӣ ва гуногунсозии иқтисоди худ талош дорад. Рушди инфрасохтор, ҷалби сармояи хориҷӣ ва тавсеаи соҳаҳои ғайринафтӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии ин кишвар ба шумор мераванд. Ин кишвар метавонад барои Тоҷикистон дар самтҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ имкониятҳои нави ҳамкорӣ фароҳам созад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард
Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод