Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар Кувайт чоп ва рӯнамоӣ шуд
Дар доираи сафари президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, ки ба забони арабӣ тарҷума шудааст, муаррифӣ гардид.
Муаррифии китоби “Тоҷикон” бо ширкати алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик доир гардид.
Таъкид шуд, ки китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” бо ташаббуси президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастрасии ҳамагон ба ин асари нодир ва огоҳ будан аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик нашр гардидааст.
Тарҷумаи арабии китоби “Тоҷикон”-ро тарҷумони шинохтаи Сурия доктор Иброҳим Истанбулӣ анҷом дод ва он аз тарафи сафорати Тоҷикистон дар Кувайт нашр гардид.
Донишмандони кувайтӣ ба забони арабӣ тарҷума ва нашр шудани “Тоҷикон” – ро рӯйдоди муҳим дар ҷиҳати густариши робитаҳои судманди илмиву фарҳангии Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд