Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Туркманистон рафтанд
Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд
Президенти кишвар ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абу Аманӣ
Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Туркманистон рафтанд
Имрӯз, 8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
Хадамоти алоқа ва ЮНИСЕФ масъалаи ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамиро баррасӣ карданд
Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Туркманистон рафтанд
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод