Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон
Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд
Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ аз ифтитоҳи бинои раёсати маориф оғоз шуд
Дипломати тоҷик: Тоҷикистон аз субот ва бозсозии Афғонистон ҳимоят мекунад
Як масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки Душанбе ба ҳимояти суботу бозсозии иқтисодии Афғонистон идома хоҳад дод. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, амнияти Афғонистон ба суботи Осиёи Марказӣ робитаи мустақим дорад ва аз ин рӯ, барои аз байн бурдани таҳдидҳои фаромарзӣ ҳамкории кишварҳои минтақа муҳим мебошад.
Мирзошариф Ҷалолов, раиси таҳқиқотҳои стратегии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай бо баёни ин нукта гуфт, Афғонистон ҳамоно яке аз омилҳои муҳимми амнияти минтақа боқӣ мемонад.
Ин дипломати тоҷик гуфт, Тоҷикистон аз ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмлалӣ барои эҳёи иқтисодии Афғонистон ҳимоят мекунад ва ба мардуми ин кишвар кумак мерасонад.
Мирзошариф Ҷалолов гуфт, Тоҷикистон ба Афғонистон неруи барқ содир мекунад, бозорҳои наздисарҳадии ду кишвар фаъол мебошанд ва ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Афғонистон кумаки фаврии тиббӣ расонда мешавад.
Ин дипломати тоҷик аз лоиҳаҳои бузурги зерсохторӣ ва энергетикӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки лоиҳаи CASA-1000 яке аз ташаббусҳои муҳимми марбут ба ҳамкории минтақавӣ мебошад. Ин лоиҳа барои интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ шудааст.
Мирзошариф Ҷалолов гуфт, бо афзоиши таҳдидҳои фаромарзӣ ҳамоҳангии кишварҳои минтақа хеле муҳим мебошад. Ӯ аз ниҳодҳои кишварҳои узви се созмони минтақавӣ даъват намуд, ки табодули саривақатии иттилоот ва ҳамкории худ дар муқобила бо хатарҳоро тақвият диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд
Дипломати тоҷик: Тоҷикистон аз субот ва бозсозии Афғонистон ҳимоят мекунад
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон
Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд