29 Сентябр 2026,
сешанбе, 09:18, Душанбе
03.04.2025 14:24

Муҳоҷират ба Кореяи Ҷанубӣ. Ҷонибҳо аз ҳамкории судманд ва идомаи сафарбаркунӣ гуфтанд

2-юми апрел Холмаҳмадзода Солеҳа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонг Сонг Шик вохӯрӣ кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорат, дар вохӯрӣ раванди иҷрои муқаррароти Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор аз 31-уми октябри соли 2024 баррасӣ гардида, ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои судманд ва назаррас ибрози назар карданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда, омода намудани шаҳрвандони кишвар тибқи талаботи низоми EPS ва роҳандозии сафарбаркунӣ ба Корея дар соли 2025 иброз доштанд.

Ҳамчунин, вазири меҳнат Холмаҳмадзода Солеҳа ва Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонг Сонг Шик дар маросими кушодавии нахустин курс аз рӯи ихтисоси “Кафшергар” барои 35 нафар шаҳрванди кишвар, ки аз мусоҳибаи  EPS гузаштаанд дар МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари 17-ум ба низоми иҷозат барои шуғл (EPS), таъсиси Маркази EPS дар шаҳри Душанбе, ташкили курсҳои омӯзиши забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати Корея интихоб шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.