Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Сироҷиддин Муҳриддин ва Ироқчӣ дар бораи робитаҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ гуфтагӯ карданд
Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Эрон дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ намуданд. Дар ин мулоқот, ки дар доираи сафари расмии Сайид Аббос Ироқчӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт, ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми дуҷонибаро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Бар асоси иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд.
Ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои мухталифи иқтисод ва ҳамчунин, тавсеаи робитаҳои саноативу нақлиётӣ ва энергетикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Ҳамчунин, дар мулоқот мавқеъгириҳои муштарак дар мавриди масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла зарурати ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид гардид.
Вазирон омодагии худро барои таҳкими бештари робитаҳои дуҷониба ва робитаҳои дӯстонаи ду кишвар бар асоси ҳусни ҳамсоягӣ, эҳтироми мутақобил ва эътимод изҳор доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд