13 Октябр 2026,
сешанбе, 09:43, Душанбе
17.03.2025 10:24

Ҷавонони 26 давлати дунё дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд

Рӯзи 16-уми март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими расмии кушодашавии Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» баргузор гардид.

Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» бо иштироки намояндагони 26 давлати дунё ба кори худ шуруъ карда, гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории он муттаҳид намудани ҷавонони давлатҳои гуногун дар рӯҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор буда, дар он майдони муколама, идеяҳои нав ва ҳамкорӣ миёни ҷавонони давлатҳои гуногун сурат мегирад.

Иттилоъ дода мешавад, ки Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» то 21-уми март дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ доир шуда, меҳнонон бо фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон шинос мешаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.