


Тоҷикистон ва Эрон бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мубориза мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон бо Искандар Муъминӣ “таҳдиду хатарҳои замони муосир”-ро баррасӣ карданд

Мирзозода ва Эҷеӣ масъалаи Ғазза ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Тоҷикистон ва Туркия дар Истамбул масъалаи лағви раводидро баррасӣ карданд
25.11.2024 09:22
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷашни 80-солагии Ғалаба даъватнома фиристод
Хабаргузории “ТАСС”-и Русия хабар медиҳад, ки Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия расман аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон даъват кардааст, дар ҷашни Ғалаба - Рӯзи пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми гитлерӣ ширкат кунад.
Тибқи иттилои ин расона Семён Григоров, сафири Русия дар Тоҷикистон даъватномаи Владимир Путинро ба Эмомалӣ Раҳмон додааст. Дар ин даъватнома аз Эмомалӣ Раҳмон даъват шудааст, ки дар ҷашни 80-солагии ғалабаи Шӯравии собиқ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзи 9-уми майи соли 2025 ширкат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
30.04.2025 13:58
Ҳаҷми тиҷорати Ӯзбекистон бо кишварҳои ИДМ ба 23 миллиард доллар расид
Бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд нахустин форуми минтақавии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
30.04.2025 09:47
Вазири амнияти Покистон мегӯяд Ҳинд аз 24 то 36 соати оянда ба Покистон ҳамла мекунад
Вазири амнияти Покистон Атоуллоҳ Тарор мегӯяд бар асоси иттилооти ҷосусӣ Ҳиндустон эҳтимолан аз 24 то 36 соати оянда ба Покистон ҳамлаи низомӣ анҷом диҳад.
30.04.2025 09:39
Як духтар дар Ғӯри Афғонистон барои издивоҷ накардан бо Толиб худкушӣ кард
Расонаҳои афғонистонӣ гузориш доданд, ки Обида ном як духтар дар вилояти Ғӯри Афғонистон барои раҳоӣ аз издивоҷ бо як Толиб худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ин ҳодиса рӯзи якшанбе рӯй додааст. Духтар ҳангоме, ки Толибон мехостанд ӯро бо зӯр баранд, ба зиндагии худ поён додааст.
30.04.2025 09:23
Дар Тоҷикистон нархи хизматрасониҳои интернетӣ коҳиш ёфтааст
Исфандиёр Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар кишвар коҳиши назарраси нархҳои хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва симӣ ба қайд гирифта шудааст.

30.04.2025 09:16
Табибони Саудӣ дар Тоҷикистон 65 амали ҷарроҳии дили ройгон анҷом медиҳанд
Як гурӯҳи табибон аз Арабистони Саудӣ барои анҷом додани лоиҳаи башардӯстона дар соҳаи ҷарроҳӣ ва катетеризатсияи дил ба шаҳри Душанбе омада, ҷарроҳии дилро барои калонсолон анҷом медиҳанд.
30.04.2025 09:04
Завқӣ Завқизода: “Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 13 фоиз афзоиш ёфтааст”
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода 28-уми апрел ҳамроҳи ҳайати Ҳукумат дар нахустин форуми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин хусус, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
29.04.2025 16:53
Баҳси мубориза бо мушкилиҳои минтақавӣ дар суҳбати вазирони Осиёи Марказӣ бо Чин
Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шаҳри Алмаато, пойтахти Қазоқистон бо ҳадафи тақвияти гуфтугӯҳои сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мутақобила бо чолишҳои минтақавӣ баргузор гардид.
29.04.2025 16:44
Қатъи оби нӯшиданӣ дар Душанбе. Дар кадом ноҳияҳо ва чанд соат маҳдудият ба амал меояд?
Тибқи иттилои дастрас, аз соати 23:00-и 29-уми апрел то соати 23:00-и 30-юми апрел оби ошомиданӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мегардад.
29.04.2025 16:41
Аз ҷаримаи ҳангуфт то ихроҷи 10-сола. Ғайрирасмӣ ба ҳаҷ наравед
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мақомоти Арабистони Саудӣ нисбат ба нафароне, ки ба таври ғайрирасмӣ ва бе гирифтани иҷозатномаи расмӣ (тасриҳи ҳаҷ) қасди адои маросими ҳаҷ мекунанд, ҷазои сахт муқаррар намудааст.
29.04.2025 10:40
“Одоби шикори рӯбоҳ”-и Эрон меҳмони театрҳои Тоҷикистон мешавад
Намоишномаи театрии маъруфи Эрон - “Одоби шикори рӯбоҳ”, ки чанде қабл дар ҷашнвораи театри Фаҷри Эрон дурахшида буд, бо даъвати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
29.04.2025 10:27
“Ҷанги обӣ” дар фазои ду қудрати атомӣ. Ҳинд муҳосираи “хушкӣ”-и Покистонро сар мекунад?
Ҳиндустон баъди ҳамлаи террористии хунин дар Кашмир Покистонро ба анҷом додани он муттаҳам кард ва баъди 65 сол амали Cозишномаи обии миёни ду кишварро боз дошт. Мақомоти покистонӣ ин амалро “ҷангӣ обӣ” хонданд.
29.04.2025 10:10
Бахтиёр Саидов ва Абдулазиз Комилов Доналд Трампро ба Ӯзбекистон даъват намуданд
Ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Бахтиёр Саидов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Абдулазиз Комилов, намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба сиёсати хориҷӣ ба Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъватномаи расмӣ барои сафар ба Ӯзбекистонро супурданд.