Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Завқизода: “Эрон бояд шарики аввали тиҷоратии Тоҷикистон бошад”
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар суҳбат бо Раиси утоқи бозаргонии Эрон Самад Ҳасанзода таъкид кард, Эрон, ки ҳоло дар рутбаи ҳафтуми шарики тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад, бояд дар рутбаи аввали шарики тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирад.
Завқӣ Завқизода, ки дар пасманзари сафари президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси утоқи бозаргонии Эрон Самад Ҳасанзода гуфтугӯ мекард, афзуд, иштирокоти фарҳангии дерина миёни ду кишвар омили тақвияти равобити иқтисодӣ мебошад.
“Ҳукумати Тоҷикистон алоқаманди он аст, Эрон аз рутбаи ҳафтум ба рутбаи аввал ба ҳайси шарики тиҷоратии Тоҷикистон табдил шавад. Умедворем, ин суҳбатҳо ва тафоҳумҳое, ки бо ҳузури президенти кишварҳо анҷом мешаванд, чунин ҳадаферо муяссар мекунанд”- гуфт Завқӣ Завқизода.
Завқӣ Завқизода бо ёдоварӣ аз аснод ва тафоҳумномаҳои дар ҳукумати қаблии Эрон имзошуда, таъкид кард, ки амалӣ шудани он метавонад боиси таҳаввул дар равобити иқтисодии ду кишвар гардад: “Дар соли 2024 тиҷорат миёни Эрон ва Тоҷикистон баробар ба 387 миллион доллар будааст, ки ин шаш баробар афзоиш доштааст. Вале ин афзоиши шаш баробарӣ рақами қобили таваҷҷуҳе нест”.
Завқӣ Завқизода афзуда, ки дар соли гузашта сармоягузории Эрон ва Тоҷикистон ним миллион долларро ташкил додааст: “Бояд зарфиятҳоро бишносем ва дар бахши тиҷорату сармоягузорӣ ба кор гирем. Тоҷикистон ба маҳсулоти навъҳои мухталиф ниёз дорад, ки истеҳсолоти он дар Эрон бо кайфияти қобили қабул сурат мегирад. Дар бисёре аз ин бахшҳо метавонем вориди сармоягузорӣ шавем.”
Раиси утоқи бозаргонии Эрон Самад Ҳасанзода низ дар ин гуфтугӯ ба густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба таъкид намуда, афзуд, таъмини ниёзҳои якдигар, ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон заминагузори густариши равобити иқтисодӣ аст: “Ду кишвар метавонанд дар бахши содирот, воридот ва сармоягузорӣ ҳамкориҳои худро афзоиш диҳанд.”
Самад Ҳасанзода бо зикри пешрафтҳои Эрон дар заминаи тавлиди дору ва технология афзуд: “Технологияи дорусозии Эрон дар иртибот бо кишварҳои аврупоӣ рушд кардааст. Аз ҷониби дигар, зарфиятҳои хубе дар қисмати хизматрасонии фаннӣ ва муҳандисиву тарроҳӣ дорем. Ҳамкорӣ дар бахши гардишгарии саломат низ имконпазир аст. Тавлид ва содироти кошӣ, шиша, фулод, муҳсулот ва ғайра зарфиятҳои Эрон ба шумор мераванд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард