27.10.2026 16:14
Имрӯз, 27-уми октябр дар шаҳри Давҳа вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Давлати Қатар, раиси Шӯрои директорони маҷмуи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд.
27.10.2026 16:13
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-уми октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чоряки якум ҷамъбаст мегардад.
27.10.2026 15:26
Чин аз вазъи Ховари Миёна изҳори нигаронии амиқ карда, эълон намуд, ки дар ояндаи наздик намояндаи вижаи худро ба кишварҳои минтақа мефиристад.
27.10.2026 15:18
Фармондеҳи воҳиди Неруҳои вижаи артиши Олмон эълон кардааст, ки барномаи омӯзишӣ ва тактикаи ин неруҳо барои ҷанги эҳтимолӣ бо Русия пурра бознигарӣ шудааст.
27.10.2026 11:55
Имрӯз, 27-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони С. Шерозии ноҳияи Синои пойтахт, бо гузоштани санги асос ба сохтмони эстакадаҳо ва як пул дар ду марҳила оғоз бахшиданд.
27.10.2026 09:59
Шоми гузашта дар шаҳри Лондон маросими ҷоизасупории “Тӯби тиллоӣ” баргузор гардид ва дар он ҳамлагари мунтахаби Англия ва бошгоҳи “Бавария” Ҳарри Кейн ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овард.
27.10.2026 09:57
Инятсио Кассис, вазири корҳои хориҷии Швейтсария ҳафтаи ҷорӣ ба Кореяи Шимолӣ сафар карда, бо мақомоти ин кишвар масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин, дар ҷараёни ин сафар дафтари намояндагии дипломатии Швейтсария дар Пхенян расман боз мешавад.
27.10.2026 09:46
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, иддао кард, ки Эрон мушаке дар ихтиёр дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад. Ӯ ҳамчунин, дар бораи оғози ҷанг бо Эрон, оташбас ва муҳосираи баҳрии ин кишвар изҳори назар кард.