Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Гурҷистон тақвият меёбанд
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 23-юми феврал дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Нигина Ализода ва Александр Хвтисиашвили баргузор гардид.
Манбаъ меафзояд, ки машваратҳо дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум доир гардида, ҷонибҳо перомуни дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.
Гуфта мешавад, ки зимни машваратҳо таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин, рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир шуд.
“Вобаст ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ табодули афкори судманд сурат гирифт. Дар ин росто азми тарафайн ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои зич дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”