Сарвари давлат: “Гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир истифода намоянд”
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Рустами Эмомалӣ дар Бухоро мақбараи Исмоили Сомониро зиёрат кард
Пешвои миллат бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтанд
Президенти кишвар бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, дар вохӯрӣ масоили таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои вобаста ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҳамчунин, аҳамияти тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол намудани абзорҳои дуҷониба, чун машваратҳои сиёсӣ ва комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таъкид гардид.
Гуфта мешавад, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳо ва доираҳои байналмилалию минтақавӣ ва дастгирӣ аз ташаббусҳои ҳамдигар низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Таксиҳои 10-сомона. Дар ду рӯз 136 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашонӣ ошкор шуд
Президенти кишвар бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Сарвари давлат: “Гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир истифода намоянд”
Амрико ҳашт ширкати молиявии Канадаро ба далели анҷоми муомилот бо Эрон таҳрим кард