Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз, 18-уми март бо президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ анҷом дода, мавзуъҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди гуфтугӯ ва баррасӣ қарор доданд.
Роҳбарони ду кишвар дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ аз “сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ” намуданд. Дар ин хусус, хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилоъ, сарварони ду кишвар ҳамдигарро бо фарорасии идҳои Наврӯз ва Иди саиди Фитр табрик намуданд.
“Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев Пешвои миллатро ба муносибати ба имзо расонидани Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шодбош гуфтанд” – навиштааст хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Роҳбарони ду кишвар дар ҷараёни суҳбат дар хусуси ҷадвали вохӯриҳои минбаъдаи дуҷониба ва бисёрҷониба суҳбат намуданд. Онҳо масъалаи мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро, ки 31-уми марти соли ҷорӣ баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард