Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст
Дар Сеул нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея баргузор гардид
12-уми август дар шаҳри Сеул бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея, Корпоратсияи Корея оид ба барқарорсозии конҳо ва истихроҷи маъданҳо (KOMIR), Институти илмҳои геологӣ ва захираҳои минералии Корея (KIGAM), Бонки содиротии Корея Кексимбонк ва бахши хусусии ду кишвар нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея баргузор гардид.
Тавре ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи истихроҷи маъданҳо ва металҳои қиматбаҳо, таъмини талабот ба маъданҳои муҳим ва устувории занҷираҳои таъминот баррасӣ шуд.
Дар чорабинӣ имкониятҳои Тоҷикистон дар самти захираҳои маъдании муҳим муаррифӣ гардида, масъалаи ҳамкории муштарак дар самти иктишофи захираҳои зеризаминӣ ва таҷрибаи Корея дар соҳаи рушди занҷираҳои таъминот муаррифӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар қисми ниҳоии чорабинӣ вохӯриҳои корӣ дар шакли B2B байни намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, аз ҷумла "Пакруд", "Талко голд", "Апрелевка", "Канзи диёр" , "Анзоб", "ШКС Тоҷикистону Чин", "Дастрас 2011"ва "ТBЕА" бо ширкатҳои кореягӣ, доир шуданд, ки ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкории мустақим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоягузориҳоро баррасӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладони ҳаҷ озмун эълон кард
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард