Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон бо Путин дар шаҳри Тянҷини Чин мулоқот кард
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Чин бо Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия дидор ва гуфтугӯ намуд.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ин бора хабар дода, навишт, ки ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, оид ба натиҷаҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Президенти Русия аз мулоқоти сарони ду кишвар хабар дода, навишт, ки дар оғози мулоқот Владимир Путин аз имконияти фароҳамшудаи мулоқоти рӯ дар рӯ бо Президенти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.
“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бисёр хушҳолам, ки имрӯз дар ҳошияи ин ҳамоиш имкони мулоқоти ҷудогона дорем. Ҳаҷми муносибатҳои дуҷониба нишон медиҳад, ки чунин мулоқотҳо ҳамеша зарур аст. Мо пайаста дар тамосем ва дар вақти зарурат ба воситаи телефон суҳбат мекунем. Хушбахтона, гадиши мол миёни ду кишвар рӯ ба афзоиш аст ва сармоягузориҳои дуҷониба дар самтҳои асосии рушд идома доранд” – зикр кард Владимир Путин.
Ба навиштаи дафтари матбуоти Президенти Русия Эмомалӣ Раҳмон дар посух аз ҳимояти Русия дар баробари ташаббусҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ изҳори сипос намуда, афзуд: “Ташаккури зиёд, муҳтарам Владимир Владимирович барои имкони мулоқот. Мехостам мухтасар доир ба ҷараёни омодагӣ ба се рӯйдоди муҳим, ки дар наздиктарин фурсат дар Душанбе доир мешаванд, бо Шумо табодули афкор намоям. Инҳо Саммити Осиёи Марказӣ – Русия, ҳамоиши кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сафари давлатии Шумо ба Тоҷикистон аст. Мо айни ҳол ба таври ҷиддӣ ба ин чорабиниҳо омодагӣ мебинем”
Дар ин мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар таъкид намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд