Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Завқӣ Завқизода ба Доналд Трамп эътимоднома супорид
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Завқӣ Завқизода, cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА 17-уми феврали соли равон эътимодномаи худро ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп супорид.
Ба навиштаи манбаъ, зимни маросим сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп расонида, ҳамчунин, Доналд Трамп пайғоми самимии хешро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.
Дар ин росто, иттилоъ дода мешавад, ки президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба муносибати оғози фаъолият cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизодаро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”