Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Дар Вена мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористон доир шуд
Рӯзи 4-уми декабр дар шаҳри Вена дар нишасти 32-уми Шурои Вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сийарто доир шуд.
Тибқи иттилоъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, таҳсилоти олӣ, ҳамчунин, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳои бисёрҷониба дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, вазирон доир ба вазъ дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои манфиати муштарак табодули афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ду кишвар, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар доираи Барномаи бурсиявии Маҷористон барои солҳои 2026 – 2028-ро ба имзо расониданд, ки тибқи он барои донишҷуёни тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Маҷористон пешниҳод мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”