16.09.2025 12:12
Дар паи ҳодисаҳои нақлиётӣ дар кишвар панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар миёни онҳо ноболиғ низ ҳастанд.
16.09.2025 11:07
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд инфиҷори баллони гази моеъ ба қайд гирифта шудааст.
16.09.2025 10:55
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Дениз Люти мулоқот намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
16.09.2025 10:36
Амрико мехоҳад барои кам кардани нуфузи Чин бар захираҳои маъданӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамкориҳояшро бо ин минтақа густариш диҳад. Ин дар ҳолест, ки Пекин бо стратегияҳои самаранок, наздикшавии географӣ, сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ дар пайи ҳифзи нуфузи худ аст.
16.09.2025 10:22
Этнографи рус Святослав Каверин дар суҳбат бо рӯзномаи “Газета.Ру” гуфтааст, дар сафар ба Афғонистон ғайричашмдошт аз сӯи Толибон боздошт шуд. Ӯ мегӯяд, ки Толибон ба хотири ин ки ҳамроҳаш акси Аҳмадшоҳ Масъуд буд, боздошт кардаанд.
16.09.2025 10:02
15-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Хоруғ маросими тантанавии ифтитоҳи Лигаи футзали Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуд. Дар ин хусус дафтари матбуоти вилоят хабар додааст.
16.09.2025 09:00
Нишасти изтирории сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа баргузор шуд. Дар суханронии ифтитоҳии худ Амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳамлаи Исроил ба Давҳаро “амали террористии буздилона” номида, гуфт, ки ин ҳамла на фақат шаҳрвандони Қатар, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ такон хоҳад дод.
16.09.2025 08:41
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми сентябр дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар дар ҳошияи нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ бо Амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд.