Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон дар Давҳа бо Амири Қатар мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми сентябр дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар дар ҳошияи нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ бо Амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон ҷонибҳо густариши робитаҳои дӯстона ва бародаронаи миёни ду кишварро қаноатбахш арзёбӣ намуда, натиҷаҳои бобарори мулоқоту сафари расмии соли гузашта ба Қатарро муҳим донистанд.
Дар ин суҳбат роҳбарони ду кишвар ба зарурати таҳкими робитаҳои сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуда, роҳҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд. Энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо ба ҳайси самтҳои умедбахш барои ҳарду ҷониб ном бурда шуданд.
Ҳамчунин, дурнамои рушди робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Исломӣ низ баррасӣ намуданд.
“Мубодилаи ошкору ҳамаҷониба, ҳамчунин, доир ба рушди авзои минтақа дар пасманзари зарбаҳои ҳарбӣ ба Қатари дӯст ҷараён гирифт”- навишта аст дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд