Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд
Сироҷиддин Муҳриддин таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲИ-ро амри зарурӣ донист
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 16-уми ноябр дар ҳошияи Иҷлоси 30-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор мулоқот кард.
Дар мулоқоти дуҷониба вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ шуд ва ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ аз мавзуҳои асосии суҳбат буданд. Ҳамчунин, ҷонибҳо роҳҳои густариши робитаҳоро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Муҳаммад Исҳоқ Дор барои гузарондани нишасти СҲИ ва қабули ҳайати Тоҷикистон ба мақомоти Покистон изҳори сипос намуд.
Ду ҷониб зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои афзоиши гардиши тиҷорат ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиро таъкид карданд. Ҳамчунин, густариши робитаҳои нақлиётии минтақавӣ ва ҳамкориҳои энергетикӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаи CASA-1000 зоҳир гардид. Ин тарҳи минтақавӣ интиқоли неруи барқи изофии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба воситаи Афғонистон ба Покистон ба роҳ мемонад.
Ду ҷониб ҳамчунин, ба зарурти идомаи мулоқоту табодули ҳайатҳои баландпоя барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба таъкид намуданд.
Ин мулоқот дар ҳоле доир шуд, ки Покистон раёсати СҲИ-ро барои солҳои 2026-2027 бар уҳда гирифтааст. Тоҷикистон ва Покистон аз кишварҳои узви ин созмон буда, рушди робитаҳои нақлиётӣ, энергетикӣ ва тиҷоратӣ яке самтҳои муҳимми ҳамкориҳои аъзои ин созмон ба шумор меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд
Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад
Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад