29 Сентябр 2026,
сешанбе, 09:18, Душанбе
15.06.2026 09:39

Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июни соли 2026, №1184 Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд.

“Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳисоб меравад ва аз иқдомҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад”, навиштааст Хадамоти матбуоти Сарвари давлат дар тавзеҳот ба Фармони мазкур.

Манбаъ меафзояд, ки барои муайян кардани номзадҳо барои дарёфти ҷоизаи мазкур комиссияи босалоҳият таъсис ёфта, ба ҳайати он намояндагони Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид низ шомил карда мешаванд ва маросими ҷоизасупорӣ дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари калидӣ дар ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият мебахшад.

Ҳамзамон бо ин, таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва ниҳодҳои илмиву таҳқиқотии соҳавиро ҷиҳати таҳкими омӯзиши масъалаҳои марбут ба об бештар гардонида, раванди мубодилаи технологияҳо ва ҷалби сармоягузориро барои ҳифзи пиряхҳо ва дастрасӣ ба оби тоза тақвият мебахшад.

Dialog.tj

 

 

Хатти хабарҳо

29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.