Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон: “Сулҳу субот ва амнияти пойдор заминаи бунёдии робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аст”
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 6-уми ноябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ карданд.
“Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин, дар нишасти мазкур ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
“Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад. Дар ин зимн алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид”, - меафзояд хадамоти матбуоти Роҳбари давлат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод