Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон бо директори Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот кард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйерде мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, таъкиди махсус ба рушди бахши гидроэнергетика ва маблағгузории лоиҳаҳои соҳа сурат гирифт.
Президенти Тоҷикистон ва Директори идории Бонки ҷаҳонӣ дар хусуси таъмин кардани рушди босубот дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, инфрасохтору коммуникатсия, рақамикунонӣ, маориф, бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳамчунин, беҳбуди вазъияти иҷтимоии аҳолӣ табодули афкор намуданд.
Сарвари кишвар Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон номиданд ва ба роҳбарияти Бонк барои ҳамкории судманд баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, татбиқи босамари лоиҳаи сиёсати дастгирии рушд ва таҳияи стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои панҷ соли оянда аз мавзуъҳои муҳимми гуфтугӯ буд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, дар атрофи паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва вазъияти мураккаби минтақа ва ҷаҳон, ки метавонад ба татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушд таъсири манфӣ расонад, андешаронӣ намуданд.
Дар поёни мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак низ баррасӣ гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд