31 Октябр 2026,
шанбе, 11:51, Душанбе
23.08.2025 11:58

Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъи дар Тоҷикистон – мавзуи суҳбати Рамазон Раҳимзода ва Ган Сзянхуа

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ бо Ган Сзянхуа, раиси ширкати Huawei дар минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳия ва татбиқи технологияҳои нав, рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зеҳни сунъиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории муштарак вобаста ба татбиқ намудани марҳилаи дуюми лоиҳаи «Шаҳри бехатар», васл кардани барномаҳои нав, шинохтани чеҳра, муайян кардани рақами қайди давлатии воситаҳои нақлиёт ва ғайраҳо матраҳ гардиданд.

Гуфта мешавад, ки тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мутахассисони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бозомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.
31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.