31 Октябр 2026,
шанбе, 11:50, Душанбе
07.08.2025 09:57

Тоҷикистон ва Туркманистон барои густариши ҳамкориҳо “харитаи роҳ” омода мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон рӯзи 5-уми август дар минтақаи Авазаи Туркманистон дидор ва гуфтугӯ намуданд. Ин мулоқот дар ҳошияи конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тарраққии вобаста ба хушкӣ доир гардид.

Тибқи иттилои расмӣ, ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, ба таҳкими ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф таъкид намуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шаҳри Душанбе ба рушди муносибатҳо бо Туркманистон аҳамияти доимӣ медиҳад. Ҷонибҳо аз идомаи муколамаи сиёсӣ ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ҳимоят карданд.

Мавзуи рушди тиҷорат ва иқтисод бахши муҳимми гуфтугӯ буд. Пешниҳод гардид, ки барои солҳои 2026-2028 “Харитаи роҳ” –и ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таҳия ва иҷро карда шаванд. Ҳамзамон, истифодаи имкониятҳои комиссияи байниҳкуматӣ барои густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳар ду роҳбар бар зарурати роҳандозии парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳо – Душанбе ва Ашқобод – таъкид намуданд. Дар мулоқот масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва робита бо ҷавонон мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.
31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.