Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон ва баргузории машқҳои муштарак. Мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон
14-уми сентябр раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кетрин Смиттон мулоқот намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори воҳидҳои наҷотдиҳиро баррасӣ намуданд.
Афзуда мешавад, ки таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиш ва такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон, баргузории машқҳои муштарак, таҷҳизонидани гурӯҳҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ зоҳир гардид.
“Ҳамчунин, масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла низоми иттилоотии ҷуғрофӣ, харитасозии хавфҳо, дронҳо, мониторинги фосилавӣ ва рушди системаҳои огоҳсозии бармаҳал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масъалаи таҳия ва ба имзо расонидани санади нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муҳокима намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалӣ баён карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад