Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Дипломатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мушкилоти Афғонистонро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-умин нишасти намояндагони хоси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон доир гашт.
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар нишасти мазкур намояндагони хоси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар умури Афғонистон ва намояндагони хоси кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон оид ба масъалаҳои мушкилоти амният, ҳуқуқи башар, нақзи ҳуқуқи занон ва ғайра гуфтугӯ намуданд.
Намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ҷараёни мулоқот ба тавофуқ расиданд, ки оид ба дигар масоил низ дар масъалаи минтақа бо ҳам суҳбат кунанд.
Дар нишасти мазкур вазъияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Афғонистон таҳлилу арзёбӣ гардид. Ширкаткунандагон тааҳҳуд намуданд, ки оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба мушкилоти Афғонистон бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти мазкур муҳимтарин масъала ё мавзуъ ҳуқуқи занону духтарон ва мушкилоти амниятии мавҷуд дар Афғонистон будааст. Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқи занон ва пешгирӣ аз таҳдидҳои амниятӣ бояд иқдомҳои амалӣ анҷом дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем