09.05.2025 11:13
Билл Гейтс, асосгузори ширкати Microsoft ва яке аз миллиардерҳои ҷаҳон гуфтааст, ки 200 миллиард доллар аз дороиҳояшро ба қишри фақир дар ҷаҳон тақсим хоҳад кард.
09.05.2025 11:06
Дар як маросими суннатии расмӣ дар Ватикан бо баромадани дуди сафед аз дудбарои Калисои Ватикан хабар расид, ки Попи нави Калисо интихоб шудааст.
09.05.2025 11:00
Зоҳир Қадир, муовини Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай ба иттиҳоми “дасиса барои коҷоқи маводи мухаддир” ва нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳҳои худкор дар кишвари Нейробӣ боздошт шуд. Зоҳир Қадир бо дархости Идораи мубориза бо маводи мухаддири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздошт шудааст.
09.05.2025 10:22
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи панҷшанбе, 8-уми май ба муносибати ҷашни 80-солагии Ғалаба дар назди Оташи абадӣ гулчанбар гузошта, дар маросими паради ҳарбӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
09.05.2025 10:14
Муовини бахши радиоии расонаҳои миллии Эрон эълон кард, ки бо таваҷҷуҳ ба забони муштарак Эрон омода аст, бо Тоҷикистон барномаҳои муштарак бо забони форсӣ таҳия кунад.
09.05.2025 10:05
Рӯзи 8-уми май миёни неруҳои ҳавоии Ҳиндустон ва Покистон ҷанги ҳавоӣ оғоз шуд. Бар асоси иттилои расонаҳо ин ҷанги ҳавоӣ тӯлонитарин ва бузургтарин ҷанги ҳавоӣ дар миёни ду кишвар аст. Дар ин ҷанги ҳавоӣ беш аз 125 ҳавопаймои ҷангӣ зиёда аз як соат дар ҳаво ҷангиданд.
09.05.2025 06:58
Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шоми 8-уми майи соли 2025 тахминан соатҳои 18:34 дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расиданд.
08.05.2025 17:50
Шоми гузашта маълум шуд, ки дар марҳилаи ниҳоии Лигаи Чемпионҳои УЕФА бошгоҳҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Интер”-и Италия бо ҳам рақобат мекунанд.