Таъиноти кадрӣ: раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иваз карда шуданд
Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Узбекистон: гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият ва шиносоӣ бо лоиҳаи «Тошканди нав»
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Тоҷикистон бо Бонки рушди Олмон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард
Рухшона Насриддинзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки рушди Олмон (KfW) мулоқот намуда, вазъи ҳамкориҳои дуҷониба ва имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, навишт, ки ин мулоқот рӯзи 2-юми ноябр сурат гирифтааст. Ба иттилои ин манбаъ, ду ҷониб вазъи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои молиявӣ ва иқтисодии Олмонро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, имкониятҳои густариши шарикӣ ба воситаи ташаббусҳои рушд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Рухшона Насриддинзода гуфт, ки саҳми Бонки рушди Олмон дар амалӣ намудани лоиҳаҳое, ки ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунад, баланд аст. Ӯ зикр намуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки рушди Олмон пайваста рушд мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот ду ҷониб ба зарурати ҳамкориҳои созанда ва муайян кардани самтҳои нави ҳамкорӣ таъкид намуданд. Ҷонибҳо ба идомаи талошҳои муштарак барои дастгирии ташаббусҳои рушд ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот намояндагони Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон омодагии худ барои густариши ҳамкориҳо ва татбиқ намудани лоиҳаҳои нав дар бахшҳои мухталифи иқтисод ва рушди иҷтимоии кишварро тасдиқ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Тоҷикистон бо Бонки рушди Олмон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард