29 Сентябр 2026,
сешанбе, 09:18, Душанбе
02.06.2025 11:21

Сафири Тоҷикистон гуфт, ки орзу дорад Қарабоғ ба шукуфоӣ расад

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ба хотири ошноӣ бо вазъият ҳамроҳ бо корпусҳои дигари хориҷӣ ба Қарабоғи кӯҳӣ сафар намуд. Ӯ афзуд, ки дар доираи имкониятҳо соли дувум аст, ки аз минтақаи Қарабоғи кӯҳӣ боздид мекунад.

“Имсол чанд маротиба ба Шуша, Агдамва ва Зангилан омадем. Ҳоло имкон пайдо кардем, бо чашми худ бубинем, ки чӣ гуна Ханкендӣ рушд мекунад. Мо шоҳиди суръати баланди рушди минтақаем. Мо самимона ба Озарбойҷон шукуфоӣ орзу мекунем” – афзуд Илҳом Абдураҳмон.

Илҳом Абдураҳмон гуфта, ки минтақа ба рушди худ идома медиҳад: “Дар ин ҷо сокинони маҳаллӣ ва меҳмонони хориҷиро зиёдтар хоҳем дид”.

Бо супориши президенти Озарбойҷон сафари корпусҳои дипломатӣ барои шиносоӣ бо Қарабоғ идома дорад. Дар ин сафар беш аз 1000 дипломат ва аз 33 ва 7 созмони байналмилалӣ дар Озарбойҷон ширкат намуданд. Ҳадафи сафар шиносии дипломатҳои хориҷӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва бозсозӣ дар Ханкендӣ ва шароити муҳайёшуда ба донишҷӯёни Донишгоҳи Қарабоғ аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.