4 Июл 2025,
ҷумъа, 06:57, Душанбе
Таҳлили "Диалог" Тақвим ва эълон Бизнес Гуфтор бо Иброҳим Усмонов Амният Шарқи Наздик Таҳлилҳо Сиёсати дохилӣ Адабиёти Шарқ Сиёсати хориҷӣ Нишастҳои Бунёди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” Авруосиё Аврупо ва Америка Тандурустӣ Матолиби ҷолиб дар ВАО Санъат Фарҳанг Синамо ва театр Китобҳои Иброҳим Усмонов Дунёи адабиёт Ҷаҳон Макроиқтисод Ҷомеа Маъориф Муҳити зист ва табиат Тиҷорати онлайн Сиёсат Ҳизбҳои сиёсӣ Ҳаводис ва тартибот Саноат Гуфтори мустақим Минтақаҳо Кишоварзӣ Ҳамсоягон Варзиш Тарзи зиндагӣ Нақлиёт Бунёди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” Молия СҲШ Иқтисод Энергетика Машҳур Душанбе Хуҷанд ВМКБ Вилояти Хатлон Вилояти Суғд Туризм Саёҳӣ Русия Узбекистон Осиёи Марказӣ Муноқишаи Русия ва Украина Аврупо Тоҷикистон-Узбекистон ИМА Тоҷикистон - Русия Хизмати давлатӣ Эрон Афғонистон Корпуси дипломатӣ Маҷлиси Олӣ Диаспора Қирғизистон Қазоқистон Ҳиндустон Чин Туркия Тоҷикистон-Қирғизистон Тоҷикистон-Эрон Туркманистон Тоҷикистон-Чин Тоҷикистон-ИМА Тоҷикистон-Аврупо Тоҷикистон-Афғонистон ҲСДТ ҲХДТ ҲКТ ҲДТ Адолат Нақлиёти роҳи оҳан Футбол ИДМ Маҷаллаи "Иқтисодчӣ" Алоқа Видео ҲИИТ ҲНИТ ҲАТ Илм Покистон Бонки Ҷаҳонӣ Бонки Осиёгии Рушд Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Технологияҳо Содирот-Воридот ҲСТ

Хатти хабарҳо

03.07.2025 14:44

100 миллион доллар барои Роғун. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдурраҳмон ал-Маршад

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, имрӯз, 3-юми июл Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
03.07.2025 14:39

Туҳфа ба хонандагони нобино. “Гӯшаи китобҳои гӯё” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Тавре аз бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, дар доираи ҳамкориҳо бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд “Гӯшаи китобҳои гӯё” таъсис ёфт.
03.07.2025 14:03

Амрико фиристодани мушакҳои зиддиҳавоӣ ба Украинаро қатъ кард

Сухангӯи Пентагон дар бораи қарори Доналд Трамп дар мавриди қатъи ирсоли бархе аслиҳа ба Украина изҳор дошт, ки ин иқдом як бахши кӯшиши фарогир дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад: “Мо наметавонем ба тамоми ҷаҳон силоҳ ирсол кунем ва бояд дар фикри Амрико бошем”.
03.07.2025 13:50

Маркетплейсҳои чинӣ дар бозорҳои Осиёи Марказӣ чӣ нақш доранд?

Густариши босуръати платформаҳои бузурги интернетии Чин, ба мисли Shein, Temu, JD.com ва Alibaba вазъи бозорҳои Осиёи Марказиро печида кардаанд. Ҳаракати дастаҷамъонаи харидорон ба шабакаи онлайн дар ҷустуҷӯи нархи арзон бозорҳои анъанавиро ба буҳрон рӯ ба рӯ сохтааст.
03.07.2025 11:40

“Пробка”-и тӯлонии мошинҳо дар марзи Қазоқистон бо Русия. Ронандагони тоҷик соатҳо интизор мешаванд

Дар сарҳади Қазоқистон бо Русия сафи тӯлонӣ ва ҳатто чанд километрии воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбарӣ ба вуҷуд омадааст. Мушкили тамбаи воситаҳои нақлиёт баъди ҷорӣ шудани қоидаҳои нави вуруд бо барномаи махсуси мобилии RuID пайдо шудааст. Барои вуруд ба Русия ронандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон баъзан 10-12 соат ва ҳатто бештар дар сарҳад интизор мемонанд.
03.07.2025 11:34

Мусофирон дар Ӯзбекистон метавонанд аз моҳи июл бо сабти электронии ҳуҷҷатҳо парвоз кунанд

Аз 1-уми июл дар Ӯзбекистон ба мусофирон иҷоза дода мешавад, ки бо ҳуҷҷатҳои электронӣ дар парвозҳои дохилии кишвар сабти ном шаванд. Ин тағйирот бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон амалӣ мегардад. Дар ин бора дафтари матбуоти Фурӯдгоҳи Ӯзбекистон хабар додааст.
03.07.2025 10:27

Раиси парлумони Эрон: “Дар ҷанги 12-рӯза осмону заминро бар сари душман хароб кардем”

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон гуфт: “Дар ҷанги 12-рӯза осмону заминро бар сари боми душман хароб кардем ва душмани саҳюнистӣ натавонист бо фиребу таҳқир ва ҷангҳои иттилоотӣ пирӯз шавад”. Ӯ афзуд, ки оянда ба ҳақиқат тааллуқ дорад ва роҳи муқовимат бо иродаи қавии мардуми Эрон ва бо роҳбарии Оятуллоҳ Хоманаӣ идома хоҳад ёфт.
03.07.2025 10:17

Омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон фарогир мешавад. 18 ҳазор нафар ба забономӯзӣ ҷалб мешаванд

Дар як мулоқоти сатҳи баланд миёни Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гуннар Шелленберген, президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши маориф ва илм баррасӣ гардиданд.
03.07.2025 09:06

Дипломати рус дар Гаага ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эронро маҳкум кард

Дипломати рус дар нишасти Шурои Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ ҳамлаи Исроил ва Амрико ба муассисаҳои атомии Эронро ғайриқонунӣ хонд ва афзуд, ки чунин иқдом талошҳо барои пешгирӣ аз густариши силоҳҳои атомиро дар зери хатар қарор медиҳад.
03.07.2025 08:52

Трамп аз Ҳамос хост ба оташбаси 60-рӯза розӣ шавад

Сарчашмаҳои огоҳ хабар доданд, ки Исроил бо оташбаси 60-рӯза дар Навори Ғазза розӣ шудааст. Доналд Трамп, Президенти Амрико гуфт, ки ин созиш бо шарти мушаххас аз сӯи Исроил қабул шудааст ва ҳоло навбат ба Ҳамос аст, ки қарори ниҳоиро қабул кунад.
03.07.2025 08:48

Зӯроварӣ муқобили намояндаи ҳокимият. Милитсия ронандаро дастгир кард

Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Одинаев Аҳлиддин ба талаботи қонунии корманди милитсия итоат накарда, воситаи нақлиётро ба сӯи корманди милитсия идора намуда, нисбат ба намояндаи ҳокимият зӯроварӣ кардааст.
02.07.2025 17:52

Лукашенко: “Ҳамлаи Амрико ба Эрон ғайриқонунӣ аст. Трамп намоишкорона нақш мебозад”

Александр Лукашенко, президенти Беларусия ҳамлаи ахири Амрико ба неругоҳҳои атомии Эронро “тамоман ғайриқонунӣ” хонд ва бо ишора ба рафтори мухталифи Доналд Трамп афзуд, ки президенти Амрико дар ин замина нақши фарди “сулҳхоҳ” ва ҳамзамон “ҳамлагар” –ро бозӣ мекунад.