Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Иштирок ва суханронии Қоҳир Расулзода дар Форуми “Қазоқистони рақамӣ”
Қоҳир Расулзода, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми “Қазоқистони рақамӣ” («Digital Qazaqstan») иштирок ва суханронӣ намуд.
Бинобар иттилои АМИТ "Ховар", форуми мазкур 27-уми март дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуда, дар он доираи васеи намояндагони кишварҳои гуногун, аз ҷумла сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, роҳбарони ширкатҳои пешбари технологӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва соҳибкорони соҳаи технологияи рақамӣ иштирок намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ мавқеи устувори Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди рақамӣ баён намуда, таъкид кард, ки дар кишвар бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025–2030 «Солҳои иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.
"Тоҷикистон инчунин гузариши рақамиро ҳамчун авлавияти миллӣ қатъиян муайян кардааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «Рақамисозии иқтисод ин талаботи замон ва муҳимтарин омил барои пешрафт мебошад, - гуфт Сарвазири кишвар.
Гуфта мешавад, ки дар форум аз нақшаи таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, фаъолияти Шурои миллӣ оид ба зеҳни сунъӣ, татбиқи ҳалли зеҳни сунъӣ дар идораи давлатӣ, рушди IT-парк ва омодасозии мутахассисони соҳавӣ ёдоварӣ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”