Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Президенти кишвар бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Сарвари давлат: “Гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир истифода намоянд”
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Сарвари давлат бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ мулоқот намуданд
Имрӯз, 9-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
Манбаъ навиштааст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “рушди ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо боқӣ хоҳад монд”.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо аҳамияти равобит дар қолаби “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо”-ро, ки ба муносибатҳои ду минтақа мақоми шарикии стратегӣ бахшид, таъкид намуданд.
"Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва иқтисоди “сабз”, таҳкими устуворӣ дар баробари тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт", - зикр мегардад дар иттилоия.
Ҳамчунин, афзуда мешавад, ки густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, таъмини дастрасии Тоҷикистон ба долонҳои минтақавӣ ва бозорҳои Аврупо, рушди саноати муосир, технологияҳои рақамӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти пешрафта аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвари давлат бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ мулоқот намуданд
Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад
Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Наздик ба 50 кишвар бо ташаббуси Бритониё алайҳи Исроил изҳороти муштарак нашр мекунанд