Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон сулҳи миёни Арманистон ва Озарбойҷонро табрик гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми август ба сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо ирсоли паёми шодбошӣ имзои Эъломияи муштарак миёни Арманистон ва Озарбойҷонро, ки ба гуфтааш роҳро барои сулҳи пойдор боз мекунад, табрик гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон ин ҳодисаро “рӯйдоди таърихӣ” номида, аз он истиқбол кард. Сарвари кишвар ба зарурати муколамаи сулҳомез ҳамчун ягона роҳи ҳалли буҳрон ва муноқишаҳо таъкид карда, гуфт, ки созишномаи мазкур метавонад барои таҳкими ҳамсоядорӣ ва ҳамкории миёни ду кишвар, ҳамчунин, субот ва амният дар Қафқоз ва ҳамкории байниминтақавӣ мусоидат намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пашинян саломатӣ ва муваффақиятҳои нав орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар Кохи сафед бо ҳузури Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созишномаи сулҳи доимро имзо намуданд. Бо имзои ин созишнома низои 35-сола миёни Арманистон ва Озарбойҷон поён ёфт. Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия низ имзои созишномаи сулҳ миёни Арманистон ва Озарбойҷонро истиқбол намуда, онро ба манфиати сулҳ дар Қафқоз донист.
Тибқи ин созишнома роҳи Зангизур, ки вилояти Нахҷавони Озарбойҷонро ба маркази ин кишвар мепайвандад, аз ҷониби як ширкати амрикоӣ ва арманӣ барои 99 сол иҷора шуда ва мудирият хоҳад шуд. Яке аз масоили баҳсбарангез миёни Арманистон ва Озарбойҷон каридори Зангизур буд, ки бо чунин роҳкор роҳи ҳали худро ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд