Қазоқистон дар миёни се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифт
Аз амнияти минтақа то масъалаи муҳоҷират. Сарони Тоҷикистону Русия мулоқот намуданд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
09.10.2026 07:56
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Сарвари давлат рушди устувори муносибатҳои байни ду кишварро, ки ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро фаро мегиранд, таъкид доштанд.
“Сарони ҳар ду давлат ба пешбурди минбаъдаи ин раванд дар рӯҳияи шарикии амиқи стратегӣ изҳори алоқамандӣ карданд”, - зикр мегардад дар хабарнома.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот гуфтугӯи созанда оид ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию логистикӣ, транзитӣ ва дар бахши энергетикаю маводи сухт сурат гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
24.11.2026 13:23
Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо имконияти роҳандозии парвозҳои мустақим, зиёд шудани теъдоди парвозҳо ва густариши ҳамкориҳои авиатсиониро баррасӣ намудааст. Ин масъала дар мулоқоти намояндагони мақомоти авиатсияи Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ дар шаҳри Монреали Канада матраҳ шудаанд.
24.11.2026 13:08
Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладони ҳаҷ озмун эълон кард
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладон дар мавсими имсолаи ҳаҷ озмун эълон кард.
24.11.2026 13:07
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори «Зал де Актс»-и қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж маросими кушодашавии намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор гардид.
24.11.2026 09:28
Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард
Дар соли 2026 шумораи низомиёни исроилӣ, ки даст ба худкушӣ задаанд, ба баландтарин сатҳ дар 16 соли охир расидааст. Ба гуфтаи манобеи исроилӣ, афзоиши ин ҳолатҳо пас аз оғози ҷанг дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 идома дорад.
24.11.2026 09:22
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Мақомоти баландпояи Либия ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозиро амали душманона ва баробар ба эълони ҷанг алайҳи ин кишвар арзёбӣ кардаанд. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки баъзе ҷонибҳо мехоҳанд Либияро ба низоъҳои Украина ва Судон ҷалб кунанд.
24.11.2026 09:06
Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд
23-юми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ҷаласаи Комиссия баргузор гардид, ки дар он татбиқи ислоҳоти рақамӣ, сифати хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва вазифаҳои минбаъдаи вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
23.11.2026 18:48
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Идораи иктишофии низомии артиши Исроил ба мақомоти баландпояи ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳамлаи ҷадид ба Эрон метавонад боиси оғози ҷанг дар чандин ҷабҳа, аз ҷумла Лубнон, Сурия ва Ғазза шавад.
23.11.2026 18:40
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Дар Чин як мақоми давлатӣ бо насаби “Ма” бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи як ниҳоди хориҷӣ ба қатл маҳкум шудааст.
23.11.2026 18:26
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Имрӯз, 23-юми ноябр ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аввалин парвози мусофиркашониро дар хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе анҷом дод.
23.11.2026 15:25
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Аз 23-юм то 27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегардад.
23.11.2026 14:15
Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Имрӯз, 23-юми ноябр мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 бозии дуюми худро баргузор мекунад.
23.11.2026 14:13
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1-уми октябри соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 миллиону 867 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад.