Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот карданд
11-уми май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки Роҳбари давлат Чинро шарики боэътимод ва калидии худ дар ин раванд номида, иброз доштанд, ки кишварҳои мо дар соҳаи гардиши тиҷоратӣ нишондиҳандаҳои қобили таваҷҷуҳ доранд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард доллар расидааст, ки аз он қариб 3,5 миллиардашро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар соли гузашта, ба иқтисоди миллӣ ба маблағи қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки ҳудуди 900 миллион ва ё 12,5 фоизи он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Афзуда мешавад, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии тақрибан 13 миллиард доллар амалӣ мегардад, ки дар бисёре аз онҳо ширкатҳои чинӣ ҳамчун паймонкор иштирок мекунанд. То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият доранд.
Ба навиштаи манбаъ, аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот ва гуфтушунидҳо миёни ширкатҳои Тоҷикистону Чин беш аз 50 санади ҳамкорӣ, ки ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба Тоҷикистон дар назар доранд, ба имзо расид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад